26 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Аврупо ва Аврупою Осиё, сафир Элизабет Ҷоунсро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ба таври манфиатдорона ва муфассал масъалаҳои вазъи Афғонистон ва минтақаро дар маҷмӯъ баррасӣ намуда, ҳамчунин оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амрико мубодилаи афкор карданд.