Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазир оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Россия Сергей Шойгу

13.03.2002 15:00, шаҳри Душанбе

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати намояндагони ҳукуматии Россияро бо сарварии вазир оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ Сергей Шойгу ба ҳузур пазируфт.

Мусоҳибон иҷрои амалҳои мутақобиларо дар рушди ҳамкории бисёрҷанба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар асоси манфиатҳои дарозмуддат ва шарикии баробарҳуқуқ таъкид карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ва вазири Федератсияи Россия ҳамчунин як қатор масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд. Дар робита бо таҳаввулоти вазъи минтақа аҳамияти таъмини амният ва мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва хатари маводи мухаддир таъкид карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520