20 март дар шаҳри Душанбе маросими ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдани ҷоизаи ҷамъиятии олитарини Россия дар соҳаи маъмурият, яъне Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир барои соли 2001 баргузор гардид.
Ҷоизаро ба Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамраиси Бунёди "Беҳтарин менеҷерҳои давраи нав", аввалин зан-космонавти ҷаҳон Валентина Терешкова тақдим кард.