30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯгоҳи барқии обии Бойғозӣ рафта, бо ҷараёни рафъи оқибати фалокати табиии дар ин минтақа рухдода шинос шуд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар ҳалли ин проблема мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналхалқӣ бояд саҳми бевосита гузоранд. Зеро ҳалли ин проблема фалокати калони экологиро пешгирӣ менамояд, ки он на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба ҳамаи мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таҳдид дорад.