Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои табрикии Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

03.04.2002 09:00

3 апрел бо муносибати 10-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Сарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин мубодилаи номаҳои табрикӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи худ аз ҷумла таъкид кард, ки Тоҷикистон ният дорад, ки ҳамаи кӯшишро ба рушду густариши минбаъдаи ҳамкории зич бо Россия равона кунад. Вай изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои амалии ин ҳамкорӣ имкон медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи наве, ки ба иқтидор ва эҳтиёҷоти халқҳоямон ҷавобгӯ мебошанд, бардошта шаванд.

Владимир Путин дар навбати худ таъкид кард, ки инкишофи муносибатҳои дуҷониба ба манфиатҳои кишварҳоямон ҷавоб дода, ба таҳкими дӯстии анъанавӣ ва хамдигарфаҳмӣ байни Россия ва Тоҷикистон, таъмини сулҳу суббот ва амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард. Вай бо қаноатмандӣ умумӣ будани мавқеъҳои ҳар ду кишварро нисбати масъалаҳои ҳамгироии минбаъда дар ИДМ ва такомули ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авпупою Осиё ва Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ зикр намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520