11 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат О.Оқилов, мушовири давлатии Сардори давлат оид ба сиёсати иқтисодӣ Ф.Холбобоев, аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ - масъулони соҳаи молиявию иқтисодӣ ва энергетика, раиси ВМКБ А.Ниёзмамадов ва кормандони масъули сохторҳои давлатӣ машварати корӣ гузаронд.
Дар машварат асосан масъалаҳои марбут ба беҳтар сохтани таъминоти аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳои ВМКБ бо қувваи барқ ва мусоидат ба тараққиёти иқтисодии ин минтақаи кӯҳистони мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сардори давлат таъкид намуд, ки проблемаи мазкур на танҳо барои ВМКБ, балки тамоми ҷумҳурӣ аҳамияти стратегӣ дорад.