12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Покистон Абдул Сатторро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба ва доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима карда шуданд.
Ҷонибҳо оид ба вазъи минтақа ва Афғонистон мубодилаи афкори амиқ намуда, изҳор доштанд, ки манфиатҳои таҳкими раванди сулҳ дар ин кишвар тавсеаи ваколати қувваҳои сулҳофариро талаб мекунанд
Дар ҷараёни сӯҳбат қайд карда шуд, ки вазъияти кунунӣ дар минтақа шароити мусоидеро барои тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва савдо байни ду кишвар фароҳам овард. Ҷонибҳо масъалаи эҳёи нақшаҳои иштироки Покистонро дар анҷом додани сохтмони НОБ-и "Роғун" бо интиқоли минбаъдаи нерӯи барқи он ба ин кишвар баррасӣ намуданд. Дар робита зарурати ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии муштарак таъкид карда шуд.