13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи сарвари давлати Россия дар Кремл бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи муттақобил муҳокима карда шуд.
Мусоҳибон масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаро дар марҳалаи ҳозира ва ҷанбаи иқтисодии онҳоро баррасӣ намуданд. Қисми муҳими муколамаи худро сарони давлатҳо ба ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Россия бахшиданд.
Ҳамчунин мубодилаи афкор оид ба вазъи минтақа ва Афғонистон доир гардид.