14 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи ҷашнии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки дар Қасри калони Кремл дар Москва доир гардид, ширкат варзид.
Сарони давлатҳо ба таври муфассал рафти татбиқи Аҳдномаро дар бораи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ намуданд.
Баъди анҷоми иҷлосия сарони давлатҳо санадҳои муҳокима ва мутобиқ гардидаро имзо карданд.