Дар доираи машваратҳои сиёсии анъанавии байни Тоҷикистон ва Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва проблемаҳои Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Зимни муҳокимаи ҳамкории дуҷонибаи бисёрҷанба тарафҳо ба соҳаи гидроэнергетика ва ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.