10 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздиди кории худро дар ноҳияи Конибодом идома дод. Дар ин ҷо Сарвари давлат аз ҷараёни корҳои саҳроӣ, - аз ҷумла парвариши пахтаи Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Неъмат Қарабоев дидан кард. Зимни мулоқот бо роҳбарону мутахассисон хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба боз ҳам бештар гардонидани ҳосили пахта дар хоҷагиҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас ва маслиҳатҳои муфид дод.
10 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориаш аз вилояти Суғд бо дастовардҳо ва таҷрибаи якҷояи олимону мутахасисон ва аҳли заҳмат дар ихтироъ ва ба роҳ мондани парвариши навъҳои нави зироат, хусусан пахтаю пиллаи маркази илмию истеҳсолии ҷамъияти саҳҳомии "Ирам"-и ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд шинос шуд ва аз муваффақиятҳои баъдинаи ҷамъияти мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд.
Баъди анҷоми сафари корӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 10 июл аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе баргашт.