Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.08.2002 18:00, шаҳри Душанбе

27 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.

Дар маҷлис баъди баррасии масъалаи кадрҳо силсилаи лоиҳаи қонунҳо "Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ", "Дар бораи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастовардҳои селексионии парвариши зироат", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуданд.

Маҷлиси Ҳукумат роҷеъ ба масъалаҳои дорои хусусияти байналхалқӣ қарорҳо қабул кард. Аз ҷумла Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи танзими шартҳои рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба кишварҳои дигар тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон дар маҷлиси Ҳукумат дигар масъалаҳои соҳаҳои гуногуни мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520