8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 11-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Кохи Борбади пойтахт баргузор гардид, иштирок намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмӯҳтаво суханронӣ карда, тамоми ҳозиринро бо ин санаи фархунда шодбош гуфт.
Дар ҷаласа ҳамчунин меҳмонони Анҷумани панҷуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, намояндагони аҳли ҷамъияти пойтахт ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуданд.
Устодони санъати мамлакат баъди анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири ҳозиринро бо консерти дилнишин шод гардониданд.