Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.11.2002 12:00, шаҳри Душанбе

15 ноябр ба ифтихори 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори "Кохи Ваҳдат"-и пойтахт ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар саҳни толор дастовардҳои бузурги соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, ки дар зарфи 10 - соли соҳибихтиёрӣ ва дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи сарнавиштсоз ба даст омадааст, ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидан карда, комёбиҳои беназири онро маҳсули равандҳои даврони эҳё ва рушди ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба даҳумин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Дар он аъзои Ҳукумат, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, зиёиён, сарварони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар назди иштирокдорон сухан ронда таърихи даҳсолаи Тоҷикистонро варақгардон кард. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба аҳамияти таърихии рӯйдоди муҳимми охири қарни 20-и халқи тоҷик-баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл намуда, онро гардиши куллие дар ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа номид.

Ин санади муҳим миллати тоҷикро сарҷамъ карда, ба оламиён исбот намуд, ки мардуми тоҷик хоҳони сулҳу салоҳ ва оромии кишвари худ мебошад ва омода аст, ки алайҳи ҳар гуна нерӯҳои тафриқаандозу моҷароҷӯ муборизаи оштинопазир барад, қайд кард зимни суханрониаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ дастаҳои ҳунарӣ ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо барномаи рангини консертӣ хотири иштирокдоронро шод гардонданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520