Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Давлати Қатар

06.05.2007 18:00, Қатар

Рӯзи 6-уми май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Давлати Қатар ташриф овард.

Давлати Қатар яке аз кишварҳои хеле хурд, вале бисёр пешрафтаи Араб буда, дар қисмати шимолу шарқии нимҷазираи Арабистон ва соҳили ғарбии халиҷи Форс қарор дорад. Тоҷикистону Қатар муносибатҳои деринаи сиёсию дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар бори аввал моҳи ноябри соли 2000-ум ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Сарони кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ сафари корӣ анҷом дода, дар баробари бисёр дидору сӯҳбатҳои судбахш мулоқоти пурмӯҳтаво бо Амири (Роҳбари) давлат Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ доир карда буд.

Ба ташрифи дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат, ки 6 майи соли 2007 оғоз ёфт, ҳарду ҷониб бо таваҷҷӯҳи зиёд омодагӣ доштанд.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа-пойтахти кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари давлат-Амири Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ва дигар ашхоси расмӣ истиқбол гирифтанд.

Маросими истиқболи расмӣ низ дар худи фурӯдгоҳ бо иштироки горди фахрӣ ва бо шиору навиштаҷоти дӯстона бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қаср парчамҳои давлатии ҳарду кишвар афрохта шуда, горди фахрии Давлати Қатар саф ороста буд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ мулоқоти Сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баргузор гашт, ки дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистону Қатар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо оид ба имконот ва афзалиятҳои рушди ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷониба ва байни Тоҷикистону давлатҳои араб ва кишварҳои мусулмонӣ мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто аз ҷумла изҳор дошт: "мо метавонем ваҳдати ҷаҳони ислом ва пешрафти онро бо сиёсати санҷида, бахусус истифода аз имкониятҳои молии якдигар ва сармоягузориҳои байниҳамдигарии давлатҳои мусулмонӣ таъмин намоем" ва афзуд, ки "кӯмаки моддӣ ва молиявӣ ба манзури таъмини пешрафти кишварҳои мусулмонии ақибмонда ба манфиати кулли уммат аст".

Дар мулоқот ба ҷалби сармояи фаровони Давлати Қатар ва дигар давлатҳои пешрафтаи арабӣ ва мусулмонӣ ба лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, обтаъминкунӣ, нақлиёту коммуникатсия ва туризм, ки бархе аз онҳо дорои аҳамияти стратегӣ барои кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мебошанд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг низ аз самтҳои афзали робитаҳои минбаъда арзёбӣ гардид.

Тарафҳо ҳамчунин атрофи авзои кунунии минтақаҳои Шарқи Наздик ва Миёна, аз ҷумла вазъият дар Фаластин, Ироқ ва ихтилофоти атрофи барномаи ҳастаии Эрон табодули назар карда, аз шиддат гирифтани онҳо изҳори нигаронӣ намуданд. Онҳо ҷонибдории худро аз ҳалли одилона ва сиёсию дипломатии ин қазияҳо таъкид доштанд.

Ҳарду ҷониб изҳори умеду боварӣ намуданд, ки нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар ба оғози марҳалаи нави равобити дӯстонаи ду кишвар асоси боэътимод мегузорад.

Баъди анҷоми музокироти ҳайатҳои расмӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ 4 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Нахуст ба Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири давлат оид ба корҳои хориҷии Қатар Аҳмад ибни Абдулло оли Маҳмуд имзо гузоштанд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ғуломҷон Бобоев ва Вазири молия ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири иқтисод ва савдои Давлати Қатар Юсуф Ҳусейн Камол ба имзо расид.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Вазири молия ва иҷрокунандаи вазифаи Вазири иқтисод ва савдои Давлати Қатар Юсуф Ҳусейн Камол имзо намуданд.

Ба Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидов ва Раиси Палатаи савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Халифа ибни Ҷосим оли Сонӣ имзо гузоштанд.

Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сонӣ ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зиёфати бошукӯҳи расмӣ орост.

Нимаи дуюми рӯзи 6 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ширкати давлатии сармоягузории "Диёр"-и Қатар ташриф оварда, бо таҷрибаи корӣ ва лоиҳаҳои ҷолиби он аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин ширкат бо сармояи ибтидоии 2 миллиард доллари амрикоӣ соли 2004 таъсис ёфта, асосан бо сохтмон машғул аст. Ширкати мазкур имрӯз дар 30 кишвари ҷаҳон 30 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад ва мувофиқи ҳисоби мутахассисонаш сармояи он то як соли оянда бояд ба 50 миллиард доллари амрикоӣ бирасад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафт ва тараққиёти Қатар изҳори хушнудӣ карда, ҳамзамон иброз дошт, ки Тоҷикистон низ имрӯз дар оғози марҳилаи созандагию бунёдкорӣ қарор гирифта, баҳри таъмини рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ гомҳои устувор мебардорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар кишвари мо созмонҳо ва бунёдҳои зиёди хориҷӣ пурсамар фаъолият мекунанд ва изҳор дошт, ки ширкатҳои сармоягузории Давлати Қатар низ метавонанд бо мо ҳамкории мутақобилан судбахш ба роҳ монанд.

Ҷонибҳо оид ба ташкили ҳамкории наздик дар созмондиҳии низоми сармоягузории хориҷӣ ва бунёди инфраструктураи туризм дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо масъулин ва кормандони телевизиони овозадори "Алҷазира" ва анҷом додани мусоҳибаи хосса ба қароргоҳи ин шабакаи моҳворавии сатҳи ҷаҳонӣ ташриф овард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо Ноиби раиси ширкат Муҳаммад Бадар ас-Сода оид ба муҳтавои барномаҳои телевизиони "Алҷазира" табодули назар карда, ба нақш ва мақоми он дар арсаи байналмилалӣ баҳои баланд дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат изҳор дошт, ки "Алҷазира" ба ҳайси минбари озоду бонуфузи давлатҳои олами ислом бояд баҳри ҷалби бештари таваҷҷӯҳи кишварҳои пешрафтаю сарватманди мусулмонӣ ба мушкилоти мамолики рӯ ба тараққии ҳамдин ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ диҳад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мусоҳибаи хоссаи телевизионӣ нахуст ба масъулин ва бинандагони бисёрмиллионаи шабакаи телевизионии "Алҷазира" паёму дуруди хеш ва мардуми Тоҷикистонро баён намуда, ба суолҳои сершумори хабарнигори он оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии давлати мо ва авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон андешаронӣ кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши воситаҳои ахбори умумро дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа муҳимму арзишманд маънидод карда, аз ҷумла изҳор дошт: "инсон зотан ҷӯёи ҳақиқат аст" ва афзуд, ки "шабакаҳо ва ниҳодҳои иттилоотии пайгири айният, воқеият ва ҳусни баён дар байни аҳли ҷомеа маҳбубияту маъруфият пайдо менамоянд". Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шабакаи телевизионии "Алҷазира"-ро намунаи гӯёи ин ҳақиқат арзёбӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дарки фурсат ва минбари муносиб аз кишварҳои тараққикардаю сарватманди арабию мусулмонӣ даъват ба амал овард, ки барои мусоидати бунёдӣ ба рушди кишварҳои рӯ ба тараққии ҳамдини худ саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва зеҳнию маънавӣ дар ҳамаи кишварҳои мусулмонӣ мо метавонем дар барҳам задани заминаҳои эҷодкунандаи хатару таҳдидҳои олами муосир аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар аъмоли иртиҷоӣ нақши муассир гузорем.

Чунонки аз ҷеҳраҳои намояндагони ҳайати Тоҷикистон ва гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷик ҳувайдо буд, гуфтори санҷидаю пурмӯҳтавои сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва сарвару пешвои дилсӯзи кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ин шабакаи оламии телевизионӣ дар роҳи муаррифии бештари Ватани азизи худ ба ҷаҳониён ва тарғибу ташвиқи лоиҳаю барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии он тадбири хеле арзишманд гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи ин шабакаи овозадори телевизионӣ дурнамои равобити дӯстона ва ҳамкории судманди Тоҷикистонро бо давлатҳои араб ва мусулмонӣ дурахшон арзёбӣ карда, ба мардумони ҳамаи ин кишварҳо пешрафту шукуфоӣ ва хушрӯзию комгорӣ таманно намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520