Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон

11.01.2001 10:00, шаҳри Душанбе

11 январ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода, дар заминаи он Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуд.

Ҳамон рӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузошт, ки тибқи онҳо бинобар сабаби барҳам додани мақомоти марбута раиси Кумитаи оид ба таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳ., раиси Ширкати миллии туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон "Сайёҳ" Ғафоров Қ.А., директори Агентии дастгирӣ ва тараққии соҳибкории хурди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юлдошев Д.А., раиси Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломов С. аз вазифа озод карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520