Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Маҷлиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.01.2001 14:00, шаҳри Душанбе

26 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Шӯрои амнияти мамлакат иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар Маҷлиси Шӯрои амният бахшида ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои манфиатдор дар соҳаи мубориза алайҳи хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва моддаҳои дигари фалаҷкунандаи асаб дар қаламрави ҷумҳурӣ ва тадбирҳои тақвияти ин мубориза Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуд, ки: "Мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар бобати андешидани тадбирҳои ҷавобӣ ба муқобили гурӯҳҳои ҷинояткор, ки ба хариду фурӯши нашъа машғуланд, хеле дер мемонанд. Ин аз бисёр ҷиҳат натиҷаи фаъолияти ҳанӯз ҳам сусти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар мубориза бар зидди хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.

 Ҳанӯз ҳам ҳодисаҳое ҷой доранд, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар шахсан иштирок карда, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ халос кардани шахсони ба чунин ҷиноятҳо дастдошта шароит муҳайё менамоянд. Инчунин зимни баррасии парвандаҳои ҷиноӣ дар судҳо ба қонуншиканиҳои муайян роҳ дода мешавад. Судҳо баъзан нисбати гунаҳкорони алоҳида ҳукми сабук бароварда, нисбати дигарон ҷазоҳои сахт муқаррар менамоянд. Дар масъалаи ҳифзи сарҳади давлатӣ низ камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Мақомоти назорати гумрук имкониятҳояшонро пурра истифода намебаранд. Дар натиҷа шумораи қочоқчиёни нашъа аз Тоҷикистон, ки дар қаламрави мамлакатҳои дигари Иттиҳод дастгир мешаванд, сол то сол меафзояд".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520