Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси ботантана бахшида ба иди бонувон

07.03.2001 12:00, шаҳри Душанбе

7 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатӣ-академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба иди бонувон ширкат варзид.

Дар суханронии худ Сардори давлат тамоми бонувони мамлакатро бо ин иди пуршукӯҳ табрик намуда, иброз дошт, ки: "-Иди бонувон аз фарорасии арӯси сол- баҳор мужда медиҳад. Таҷлили иди имсола аз солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад. Ин ид аз он ҷиҳат фаромӯшнашаванда аст, ки дар ҳазораи нав, асри нав ва дар арафаи ҷашни даҳумин солгарди истиқлолияти давлатамон баргузор мегардад. Имрӯз занони тоҷик чун дигар занону модарони ҳамаи кишварҳои олам дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа кору фаъолият намуда, дар пешрафти он нақши муҳим мегузоранд. Ҳукумати мамлакат ба занон ва беҳбуди шароити кору зиндагии онҳо ҳамеша ғамхорӣ менамояд. Таҳияи чандин барномаҳо оид ба беҳтар кардани ҳаёти иҷтимоии занону модарон аз ҳамин қабиланд. Ҳукумат баҳри тарбияи занону духтарони соҳибмаърифат ҳамеша ҷаҳду талош менамояд. Танҳо дар чор соли охир 1400 нафар духтарон аз минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи Президенти ҷумҳурӣ ба макотиби олӣ дохил гардиданд.

Зан - модари тоҷик дар тӯли садсолаҳо бисёр бузургони миллатро ба мисли Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров ва чандин дигаронро ба олами ҳастӣ овардааст".

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520