23 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.
23 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тадбирҳои тантанавии бахшида ба садсолагии рӯзи таваллуди ходими машҳури соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ, раиси номдори колхоз, ду карат Қаҳрамони меҳнат Саидхоҷа Урунхоҷаев ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд омад.
Маҷлиси ботантана бахшида ба ин санаи фархунда дар қасри "Арбоб"-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев баргузор гардид, ки нӯҳ сол пеш дар ҳамин ҷо дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст Сардори давлат интихоб гардида буд.