Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба ифтихори ба Рӯзи модар

07.03.2017 11:09, шаҳри Душанбе

Модарон ва хоҳарони гиромӣ!
Ҳозирини арҷманд!

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, мардуми тоҷик ва умуман, аҳли башар ба ин тимсоли беҳамтову ҷовидона арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша сари таъзим фуруд меоранд.

Мо низ бо ҳамин сабаб ҷашни фархундаи Рӯзи модарро бо фарорасии баҳор ва Соли нави аҷдодӣ мутобиқ карда, ин ду рамзи некиву саодатро пайи ҳам таҷлил менамоем.

Зеро меҳру муҳаббат ва файзу сафои модарон бо айёми эҳё шудани табиат таҷассумгари идомаи ҳаёт ва фардои нек мебошад.

Ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне Рӯзи модар тамоми модарону бонувони мамлакат, фарзандони некбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро аз самими қалб табрик гуфта, бароятон хушбахтиву иқболи нек, толеи баланд ва рӯзгори ободу осударо орзу менамоям.

Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Бонувони мо дар корҳои давлатдорӣ низ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд.

Ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед.

Шоир низ бо дарназардошти ҳамин фазилатҳои модарон гуфтааст:

Файзи ҳастӣ аз вуҷуди меҳрубони модар аст,
Асли мо, ному нишони мо забони модар аст.

Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст.

Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.

Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.

Беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд.

Аз ин бармеояд, ки Рӯзи модар муборактарин рӯз аст ва хизмати фарзанд дар қиёси ранҷу заҳматҳои модар фақат қатрае аз баҳрро мемонад.

Зан – модар муҷассамаи гӯёи зиндагӣ ва ширинтарин лафз дар забони одамӣ мебошад.

Дар ақсои олам низ сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд.

Имрӯз бо қаноатмандӣ метавонем изҳор намоем, ки занону модарони мо дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд ва арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар миёни фарзандони худ ва ҷамъият бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.

Дар урфият мегӯянд, ки зани соҳибмаърифату боиффат гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор хазина аст.

Ба ин маънӣ, занону модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф месозанд.

Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.

Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад.

Агар ободиву суботи ҷомеаро осоишу оромии ҳар як оила таъмин намояд, дар навбати худ, ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – модар сарчашма мегирад.

Таҷрибаи ҳаёт ва таърихи башарият собит месозад, ки дар ҳар кишваре, ки ба модарону бонувон арҷи бештар мегузорад, аҳолии он осудаву пешрафта мебошад.

Дарвоқеъ, ба шарофати модар ҳаёт дар рӯи замин бардавому пойдор ва маҳз ӯ олитарин муқаддасоти башарӣ мебошад.

Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст.

Модар бароямон на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад.

Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад.

Бинобар ин, мо вазифадорем, ки қадру манзалати занону модаронро ба таври шоиста ба ҷо орем ва дар хотир дошта бошем, ки сарчашмаи бузургии кулли бузургони ҷаҳон модар аст.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳаммияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил додааст.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ду пешниҳод намудам, ки ҳадаф аз онҳо низ ҳимояи мақоми ин табақаи фаъоли иҷтимоии мамлакат мебошад.

Аввалан, таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадаму ташаббускор ба кор ҷалб карда шаванд ва ба халқу Ватан хизмат намоянд.

Дуюм, бо мақсади ҷалб кардани занону духтарон ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ дастур дода шуд, ки минбаъд ба кор ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасбро даъват намоянд, то дар ин сохторҳо низому тартиботи кор боз ҳам тақвият ёбад.

Ҳар ду пешниҳод ба хотири он аст, ки мо дар оянда аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем.

Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ Ҳукумат ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд.

Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз манфиатҳои духтарону бонувон ҳимоя менамоянд ва барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.

Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат боз як барномаи нав доир ба дастгирии занон омода гардидааст, ки рӯзҳои наздик қабул мешавад.

Нақши занони бофарҳангу соҳибмаърифат дар ташвиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим, инчунин, иштироки онҳо дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ низ назаррас мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар низоми хизмати давлатӣ аввали соли 2017 аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро низ занон ташкил медиҳанд.

Сол то сол афзоиш ёфтани шумораи занон дар мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар низ натиҷаи кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми занон мебошад.

Тибқи таҳлилҳо айни замон шумораи занон дар мақомоти судии кишвар 235 нафар, Прокуратураи генералӣ 46, Вазорати корҳои дохилӣ қариб 1500, Вазорати мудофиа 400, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 24, Агентии назорати маводи нашъаовар 36, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 178 нафар, Хадамоти гумрук 107 ва Гвардияи миллӣ қариб 300 нафарро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумот аз 235 нафар занони дар мақомоти судӣ фаъолиятдошта 122 нафарашон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият доранд.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 2755 нафар занон адои хизмат менамоянд, ки аксари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд.

Дар маҷмӯъ, дар мақомоти судӣ 90 нафар ва дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 745 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият менамоянд.

Шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд.

Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст.

Дар ин асос тайи се сол тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қариб ба 6000 нафар занон дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохта шудааст.

Барои духтарону занони хонанишин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои касбомӯзӣ ташкил шуда истодаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои таълими калонсолон беш аз 21 ҳазор нафар ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ ва корҳои хонагӣ машғул буда, касби барояшон мувофиқро аз худ карда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, қисми зиёди занону духтарон ҳоло ҳам соҳиби касбу кор ва шуғли муайян набуда, ба захираҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва моддӣ кам дастрасӣ доранд.

Барои ислоҳи чунин вазъият моро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии кадбонуҳо ва модарону хоҳарон тадбирҳои иловагӣ андешем, дар маҳалҳо соҳибкории хонаводагӣ ва соҳибкоронеро, ки дар ин самт фаъолият доранд, дастгирӣ карда, ҷалби духтарону бонувонро ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла ҳунарҳои дастӣ ва дигар навъҳои косибӣ ҳарчи бештар вусъат диҳем.

Ҳукумат дар сиёсати худ ба ҳалли масъалаҳои зикршуда минбаъд низ эътибори ҷиддӣ дода, ташаббусҳои созандаи бонувону духтарони соҳибкору ҳунарманд, бомаърифату ватандӯст ва худогоҳу худшиносро, ки пояҳои давлатдории миллиамонро таҳким мебахшанд, дастгирӣ менамояд.

Ҳамчунин, таъкид месозам, ки занону бонувони соҳиби касбу ҳунар ҳамеша рӯзгори ободу осуда доранд, ба қадри заҳмати мардон бештар мерасанд ва худашон низ ҳеҷ гоҳ хору муҳтоҷ намешаванд.

Барои маълумоти шумо боз як мисол меорам. Дар давоми бисту панҷ соли истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбиро қариб 360 ҳазор нафар духтарон хатм карда, ҳоло дар мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ 115 ҳазор нафар ва дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ қариб 5 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд.

Илова бар ин, аз соли 1997, яъне аз оғози ҷорӣ гардидани квотаҳои президентӣ беш аз ёздаҳуним ҳазор нафар духтарон бо истифода аз ин имконият ба мактабҳои олӣ дохил шудаанд, ки то имрӯз 8 ҳазору 900 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, дар соҳаҳои гуногун машғули фаъолият мебошанд ва қариб 2 ҳазору 700 нафари онҳо таҳсилро идома дода истодаанд.

Бонувони азиз!

Қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила мебошад.

Асоси ин ҳуҷҷати муҳимро, ки оила дар он ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва макони тарбияи фарзанд эътироф мегардад, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад, мо дар низоми таҳсилоти миёнаи умумии кишвар омӯзиши фанни «Маърифати оиладорӣ» - ро ба роҳ мондем, ки омӯзгорон дар доираи он ба хонандагон масъалаҳои ташаккулу таҳкими оиладорӣ, эҳтирому муносибати ҳамдигарӣ ва дар маҷмӯъ, фарҳанги хонаводагиро меомӯзанд.

Ҳамчунин, ба хотири амалӣ шудани консепсияи зикршуда дар Паёми Роҳбари давлат Вазорати маориф ва илм вазифадор гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таълими Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба роҳ монад ва маърифати ҳуқуқии насли ояндаро дар ҳифзи оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзандон, риояи танзими анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маъракаҳо аз айёми мактабхонӣ баланд бардорад.

Ба наврасону ҷавонон омӯзонидани муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии онҳо ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳое мебошанд, ки ба мустаҳкам шудани оила мусоидат менамоянд.

Барои бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ба навхонадорон зарур аст, ки мазмуну муҳтавои ин қонунҳоро ҷиддӣ аз худ намуда, маърифати оиладории худро ҳарчи бештар баланд бардоранд.

Аҳли ҷомеа бояд дар самти баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии вайроншавии оилаҳо чораҳои доимии тарбиявӣ андешанд.

Бовар дорам, ки бо кӯшишу талошҳои муштарак мо метавонем ба ҷавонон дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ кумак расонем ва риояи анъанаҳои миллии оиладориву солимии ҷомеаро таъмин намоем.

Ҳамчунин, аз ҷониби фарзандон нигоҳубину ғамхорӣ намудан дар ҳаққи падару модар тавассути Конститутсия танзим гардида, дар ин асос дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зикр шудааст, ки фарзанди болиғ ва қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин карда, онҳоро дар синни пиронсолӣ аз ҷиҳати моддиву маънавӣ дастгирӣ намояд.

Модарону бонувони азиз!

Шумо дар раванди тарбияи фарзандон нақши ҳалкунанда доред ва набояд фаромӯш созед, ки тарбияи фарзанд дар навбати аввал вазифаи муқаддаси падару модар ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.

Ҳоло дар аксари манотиқи кишвар масъалаи ҷалби кӯдакон ба мактаб, алалхусус, духтарон ҳал гардида, фарогирии духтарон барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ тамоюли афзоиш дорад.

Шумораи ҷавондухтароне, ки дар зинаи таҳсилоти баъди олии касбӣ дониш мегиранд, хеле афзуда, сафи онҳо дар муассисаҳои омодагии баъдидипломӣ торафт зиёд шуда истодааст, ки ин, албатта, раванди мусбат ва ба талаботи замони муосир мувофиқ мебошад.

Тавассути квотаҳои президентӣ ҳоло насли сеюми мутахассисони соҳаҳои гуногун тарбия ёфтаанд, ки дар гӯшаву канори мухталифи Тоҷикистон ҳамчун насли ҷавони зиёиёни мамлакат муваффақона кору фаъолият карда истодаанд.

Бояд гуфт, ки баланд бардоштани сатҳи маълумоту маърифат дар миёни занону духтарон шарти муҳимтарини беҳтар гардидани дараҷаи зиндагӣ, коҳиши камбизоатӣ, ҳалли масъалаи шуғл ва рафъи бекорӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, волидайн ҳар қадар ба тарбия ва сатҳи саводнокии фарзанд бештар таваҷҷуҳ намоянд, ҷомеа ҳамон андоза пеш меравад, нерӯи инсонӣ тақвият меёбад ва мушкилоти оилаву ҷомеа камтар мешавад.

Дар баробари ин, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан миёни иддае аз занон зиёдаравӣ ба назар расида, дар маъракаву чорабиниҳои оилавӣ сарфаю сариштакорӣ риоя намешавад.

Агар ин камбудиҳо бартараф гардида, пеши роҳи хароҷоти барзиёд ва зоҳирпарастӣ гирифта шавад, табиист, ки буҷети хонавода афзуда, вазъи зиндагии оилаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Мо ин масъаларо қариб дар ҳар мулоқоту суҳбат таъкид менамоем, зеро медонем, ки соҳиби дастархону маъракаҳо ва сарфакори беҳтарини зиндагӣ, шумо, занону модарони гиромӣ ҳастед. Вобаста ба ин, мардуми мо панду андарзҳои зиёд доранд.

Аз ҷумла гуфтаанд, ки “ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд”.

Ин ишораҳо моро водор месозанд, ки маъракаҳоро камхарҷ гузаронем, зиёдаравӣ накунем, ба қадри нозу неъмати зиндагӣ расем ва талаботи қонунҳои миллиамон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ба хотири рӯзгори ободу оилаи хушбахт ҳамеша риоя намоем.

Модарону хоҳарони меҳрубон!

Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад.

Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст.

Ба қадри шири поки модар нарасидан, заҳмати бедорхобиҳои ӯро фаромӯш кардан, ба падару модар ситам кардан ва дар пириву дармондагӣ ба қадри ранҷу азоби онҳо нарасидан бузургтарин гуноҳ аст.

Мо фарзандон агар тамоми умр ба модари худ хизмат кунем, бо ранҷи шабзиндадорӣ ва заҳмати ӯ ба хотири тарбияву ба камол расонидани мо баробар шуда наметавонад.

Аз ин рӯ ҳозирин ва кулли ҳамватанонро даъват менамоям, ки модарони худро дӯст доред, нисбат ба онҳо меҳрубону ғамхор бошед, иззаташонро ба ҷо оварда, ҳаргиз озорашон нарасонед ва нигоҳи пур аз меҳру шафқатро аз онҳо дареғ надоред. Қарзи фарзандии мо дар назди шахсияти мубораку биҳиштии модарон ҳамин аст.

Мо дар симои шумо духтарону бонувони азиз олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем.

Шумо бо меҳру вафоятон шӯълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшидаед.

Аз ин рӯ, кӯшиш намоед, ки ин сарвати бебаҳои ҳаёти худро ҳифз карда, меҳру муҳаббатро дар қалби хеш беолоиш ва фурӯзон нигоҳ доред, оиларо асоси зиндагии худ қарор диҳед ва сабуру қаноатпеша бошед.

Аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош варзед ва номбардори ин Ватан ва хоки муқаддаси ниёкони хеш бошед.

Итминони комил дорам, ки шумо ҳамчун офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон фаъолона ширкат варзида, ба хотири пешрафти давлатамон рисолати созандагии худро бо садоқату устувории модаронаи худ идома медиҳед.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо, модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати ҷашни фархунда - Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо ва ба ҳамаи бонувону хоҳарони мамлакат тандурустиву саодатмандӣ ва дар ҳаёти оилавиатон меҳру муҳаббат, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Дуруд ва ҳамду сано ба модар – фариштаи ҳаёт ва ҳомии зиндагии башар дар рӯи замин!

Сано ба модар - ин олиҳаи меҳру шафқат, раҳнамову раҳбар ва азизи ҳар як хонадон!

Зиҳӣ занону бонувони шарафманд ва шӯълаи ишқи ҳаётбахш!

Ҷашн муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520