9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои хабарнигори рӯзномаи "Российская газета"-и Федератсияи Россия посух дод.
Зимни посух ба саволҳои хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки "Воқеаҳои дар давоми даҳ соли охир дар Тоҷикистон рухдода ғояи сулҳро дар мадди аввал мегузоранд, ки бояд ҳамаҷониба дар амал татбиқ карда шавад ва мо бо вуҷуди душвориҳои бузург онро бомуваффақият амалӣ месозем. Онро бо камоли боварӣ ғояи наҷоти миллати тоҷик ва умуман тамоми тоҷикистониён шуморидан мумкин аст.
Пеш аз ҳама, дар бораи номутаносибии таърих чанд сухан гуфтаниам. Ин номутаносибӣ дар он ифода меёбад, ки одамон баъзан барои ба даст овардани як мақсад ҷидду ҷаҳд карда, дар натиҷа ба мақсади тамоман дигар ноил мегарданд. Вақте ки воқеаҳои Тоҷикистон сар шуданд, иштирокчиёни онҳо боварӣ доштанд, ки дар натиҷаи амалҳояшон дар муддати кӯтоҳ мамлакатро дар сафи халқҳои сарватмандтарин ҷой дода, корхонаҳои зиёди дорои технологияи навтарин сохта, дар мамлакат сулҳу осоишро ҳукмрон месозанд. Роҳбарони кӯтоҳандеши қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногун одамони бетаҷрибаро ба гирдоби ҷанги дохили тела доданд. Ва дар мамлакат дар муддати кӯтоҳ зӯроварӣ, харобӣ , қашшоқӣ, камбағалӣ ва фалаҷи иқтисодиёт ҳукмрон гашта, ҷиноят авҷ гирифт.
Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст, ки одамон дар шароити сулҳу осоиш зиндагӣ мекунанд.
Ман имрӯз дар бораи сулҳ ҳамчун ғояи миллии тоҷикон сухан ронданиам, ки дар таърихи халқ хусусан замони мо ситораи раҳнамо гардид.
Таҷрибаи беҳамтои истиқрори сулҳ дарки зарурати зоҳир намудани иродаи қатъии иштирокчиёни Музокироти тоҷикон ба истиқрори сулҳ гардид, зикр намудааст Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба суоли хабарнигорон.