13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.
Сарвари давлат аз намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи вилоят дидан кард ва ба маҳсулоти корхонаҳои "Хуҷандзил", "Хуҷандатлас", "Зарбоф, "Кабоол-Тоҷиктекстайлз", "Қолинҳо", "Зиннат" таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Эмомалӣ Раҳмон хусусан аз маҳсулоти корхонаи "Хуҷандзил", ки дар як сол зиёда аз 500 автобус сохта ба кишварҳои ИДМ ба фурӯш мебарорад, изҳори қаноатмандӣ кард ва таъкид намуд, ки бояд фармоиш ва хариди автомошинаҳои корхона дар дохили кишвар низ ба таври густурда ба роҳ монда шавад.
Ба муносибати ташрифи Президент аз ҷониби муассисаю корхонаҳои дӯзандагии вилоят намоиши либосҳои мавсимӣ ташкил карда шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон бо дӯзандагон ва тарҳрезони либосҳо сӯҳбат намуда, дастур дод, ки либосҳои дӯхтаашон бояд ба талаботи фарҳанги миллӣ ҷавобгӯ бошад.