20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Колхозобод ташриф овард.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Беков ташриф оварда, бо деҳқонон ва мутахассисони хоҷагӣ сӯҳбат орост. Аз меҳнати хуби пахтакорон, ки аз ҳар гектар 35 сентнер ҳосил мегиранд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Деҳқонон доир ба ҳалли мушкилоту проблемаҳои соҳа ба Сарвари давлат арз намуданд. Эмомалӣ Раҳмон дархосту пешниҳодҳои кишоварзонро ба инобат гирифта, зикр кард, ки онҳо дар рӯзҳои наздик мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои саҳро дар хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи Колхозобод шинос гардид.
Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳое, ки мутахассисони хоҷагӣ дар самти чорводорӣ ноил гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Зикр гардид, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт имрӯз хоҷагӣ соҳиби 9000 гӯсфанд ва 130 сар асп гаштааст, ки ин метавонад барои бисёре аз хоҷагиҳои кишоварзии вилоят намунаи ибрат бошад.
20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ба номи Тӯрақул Эҳсонқулов, ки яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳияи Колхозобод маҳсуб мегардад, ташриф овард.
Сарвари давлат бо мутахассисон ва меҳнаткашони хоҷагӣ сӯҳбат ороста, оид ба беҳтар ба роҳ мондани кор дар хоҷагӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ маслиҳатҳои муфид дод.