Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатӣ ба Украина

05.12.2008 19:00, Украина

Аз 3 то 5 – уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо даъвати расмии Президенти он Виктор Ющенко сафари давлатӣ анҷом дод.

Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистону Украина дорои анъанаҳои фаровони ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва пеш аз ҳама дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси муҳандисию техникӣ мебошанд.

Ҳадафи асосии сафар барқарорсозии робитаҳои қаблии анъанавӣ ва таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо баррасӣ гашт. Аз ин нуқтаи назар ин сафар басо пурмаҳсулу бобарор буд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо маросими истиқболи расмӣ аз ҷониби Президенти ин кишвар Виктор Ющенко оғоз ёфт.

Маросими пуршукӯҳи истиқбол бо саф оростани горди ифтихорӣ, гузориши фармондеҳи он, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, дар фазои шаҳри Киев танинандоз гаштани садои 21 шиллик аз тӯпхонаҳо ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Масоили таҳкиму густариши минбаъдаи хамкориҳои Тоҷикистону Украина нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Украинаро аз шарикони муҳими Тоҷикистон арзёбӣ намуда, баҳри густариши минбаъдаи робитаҳо бо он изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Виктор Ющенко изҳор дошт, ки «Украинаро бо Тоҷикистон муносибатҳои махсуси ҳамкорӣ пайванд месозанд».

Зимни сӯҳбати хосса сарони ду давлат оид ба татбиқи амалии нақшаи ҳамкории Тоҷикистону Украина дар солҳои 2008-2009, ки зимни сафари расмии Виктор Ющенко ба Тоҷикистон баҳори соли равон ба имзо расида буд ва дигар санадҳои ҳуқуқию қарордодии амалкунанда гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Сарони ду давлат бори дигар ҳавасмандии худро баҳри ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, мошинсозӣ нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, илму техника, фарҳанг ва таҳкими робитаҳои ҳарбӣ-техникӣ таъкид намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон Виктор Ющенкоро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф биёрад.

Баъди анҷоми мулоқоти хосса Президенти Украина Виктор Ющенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонд.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Украина Виктор Ющенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко сипас дар гуфтушинидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Зимни сӯҳбатҳо ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳо зарур шумурда шуд. Таъкид гардид, ки баҳри тавсиаи муносибатҳои ҳасанаи байни ду давлат ва мардумони онҳо рӯзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар гузаронда шаванд.

Қарор карда шуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина ва аз Украина дар Тоҷикистон кушода шавад.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳо Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Украина ва 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ;

Нақшаи чорабиниҳои Барномаи байнидавлатии ҳамкории дарозмуддати иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2003-2012;

Шартнома миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ.

Баъди анҷоми имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз пайвастагиии робитаҳои сатҳи олии сиёсӣ ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки Тоҷикистону Украина бо захираҳои фаровони гидроэнергетикии яке ва иқтидорҳои бузурги саноатии дигаре имкон доранд, ки ба сатҳи ҳамкории стратегӣ бароянд, ба хусус бо назардошти талаботи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба нерӯи барқ.

Ба андешаи сарони ду давлат, Тоҷикистону Украина имкон доранд, ки дар ҳамкории зич ҳаҷми мубодилоти тиҷоратиро байни худ ва бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ба маротиб боло баранд.

Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳо дар мактабҳои олии ду кишвар низ аз самтҳои афзалиятнок ва дарозмуддати ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.

Зимни сафари давлатии худ ба Украина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Муовини аввали Раиси Парлумони ин кишвар Александр Лавринович, собиқ Президенти Украина Леонид Кучма ва бо ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко мулоқотҳои судманд анҷом дода, масоили вобаста ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва таҳсилотиро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод.

Дар Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко миёни Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва устодону донишҷӯёни он сӯҳбати ҷолибу хотирмон сурат гирифт, аз ҷумла таъкид гардид, ки мубодилоти донишҷӯён байни мактабҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Украина бояд барқарор гашта, густариш ёбанд. Зикр гардид, ки Тоҷикистон метавонад барои Украина кадрҳои хуби соҳаҳои гуманитарӣ, аз ҷумла шарқшиносӣ омода созад ва Украина барои Тоҷикистон мутахассисони муҳандисӣ-техникӣ.

Мулоқоти ҷолибу судбахш ва хотирмони дигар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 100 нафар тоҷикону ҳамватанони муқими Украина анҷом дода, онҳоро ба кору зиндагӣ ва таҳсили хуб дар хориҷи Ватан ва ба муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги бостонии худ ба сокинони ин кишвари дӯст ҳидоят намуд.

Чунонки маълум шуд, дар Украина зиёда аз 10 ҳазор тоҷикону ҳамватанони мо зиндагӣ ва кору таҳсил мекунанд.

Таваҷҷӯҳу ғамхории падаронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти мавҷудаи тоҷикону ҳамватанони муқими Украина боиси сипос ва ифтихору сарфарозии онҳо гашт.

Дар шаҳри Киев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба зери пояи ёдгории азими меъморӣ ба муҳофизони гумноми Украина гулчанбар гузошта, ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои волои миллию давлатии ин кишвари дӯст эҳтироми бародарона ба ҷо овард.

Зимни сафари давлатӣ ба Украина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба шаҳри Харков рафта, аз корхонаи азими Турбоатом, ки аз бузургтарин корхонаҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли турбина, агрегат ва дигар таҷҳизоти гаронарзиши нерӯгоҳҳои обӣ, атомӣ, ҳароратӣ ва ғайра буда, бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамари дерина дорад, дидан кард.

Чунонки дар нишасти матбуотии сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Виктор Ющенко таъкид гардид, наздики 90 дар сади тамоми таҷҳизоти гидротехникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон сохти Турбоатом ва дигар корхонаҳои саноатии Украина мебошанд, аз ҷумла тамоми таҷҳизоти нерӯгоҳи обии Норак ва силсилаи нерӯгоҳҳои болои дарёи Вахш.

Дар тӯли 40-50 соли ҳамкорӣ аз ин корхона ба Тоҷикистон 22 гидротурбина, 53 гидрозатвор ё худ дарвозаҳои обӣ ва садҳо таҷҳизоти дигари гаронарзиш фиристода шудаанд. Аз 4,07 миллион киловат/соат нерӯи барқи умумии Тоҷикистон 3,59 миллионаш бо гидротурбинаҳои корхонаи Турбоатом истеҳсол мешавад, ки 88,2 дар садро ташкил медиҳад. Қобили таъкид аст, ки беш аз 35 сол аст ин таҷҳизот бенуқсон кор мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иқтидорҳои истеҳсолии корхонаи Турбоатом аз наздик шинос шуда, ба таҳкиму густариш додани ҳамкорӣ бо ин корхона дар самти таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда ва таъмини нерӯгоҳҳои нав бо таҷҳизоти гидротехникӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Айни ҳол дар ҳамкорӣ бо Турбоатом таҷдиди таҷҳизоти вазнини нерӯгоҳи обии Норак идома дорад, ки бо ин иқтидори кунунии он бояд 10 дар сад афзоиш ёбад.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Харков, Донишгоҳи миллии политехникӣ ва роҳбарони корхонаҳои азими Турбоатом, Электротяжмаш ва ғайра масоили барқаросозӣ ва густариши ҳамкориҳои бевосита баррасӣ шуд.

Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо ду санади муҳими ҳамкорӣ дар бораи бунёди ду корхонаи муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Мутобиқи яке аз онҳо дар заминаи корхонаи Тоҷиктекстилмаши шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону «Турбоатом»-и Харков оид ба истеҳсоли таҷҳизоти гидротехникӣ барои нерӯгоҳҳои хурд кушода мешавад ва тибқи санади дуюм имконоти бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои ХТЗ дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Ҳамчунин қарор карда шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат филиали Донишгоҳи миллии политехникии Харков дар Тоҷикистон кушода шавад.

Зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба шаҳраки Рава Русскаяи вилояти Лвови Украина омад ва бо ҳайати ҳамроҳи худ оромгоҳи бародараш Файзиддин Раҳмоновро зиёрат намуда, дуою фотиҳа карданд. Хотиррасон мекунем, ки Файзиддин Раҳмонов ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ дар сафҳои Қӯшунҳои сарҳадии Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1959 дар сарҳади давлатӣ бо Лаҳистон (Полша) вафот карда, дар шаҳраки мазкур ба хок супурда шудааст.

Муносибати дӯстию бародарии анъанавӣ миёни мардумони тоҷику украин дар ин ҷо низ баръало эҳсос мегардад, зеро оромгоҳи ин тоҷикписари дур аз Ватан хобида ҳам ба мисли ҳама манзилҳои дигар ҳамеша тозаю озода аст.

Месазад таъкид намуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина бо натиҷаҳои намоёну пурарзиш анҷом ёфта, барои барпо намудани муносибатҳои стратегӣ ва таҳкиму густариши минбаъдаи он зиминаи боэътимод эҷод намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520