5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми бозгашт аз нақби Анзоб бо фаъолияти ҷамъияти саҳҳомии "Сиёма" шинос шуд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки оби истеҳсолкардаи корхона сифати хуб дошта, имконияти ба бозори ҷаҳонӣ баровардани он вуҷуд дорад. Сардори давлат роҳбарияти корхонаро даъват намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд карда, барои ин бо сармоядорони хориҷӣ ҳамкорӣ намоянд.
Президенти ҷумҳуриро дар ин сафар роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.