Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев

11.10.2001 12:00, шаҳри Душанбе

11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 70-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён, ҳамчунин хатмкардагони донишгоҳро, ки имрӯз дар соҳаҳои гуногун машғули кору фаъолият мебошанд, самимона табрик намуда, зикр кард, ки ба Рӯзи муаллимон-иди касбии омӯзгорон рост омадани ҷашни 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ басо рамзӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки пешравӣ ва рушду нумӯи ҷомеа ба маҳорати касбии устодон вобаста буда, дар ин замина саҳми Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ низ бузург аст. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки ба масъалаи сифати маънавиёти солим дар ҷомеа бояд бештар эътибор дода шавад. Чунки бақову ҳастии инсоният ба маънавиёти солим иртиботи бевосита дорад.

Сардори давлат ҳамчунин ба нақши Донишгоҳ дар давраҳои аввали таъсисёбӣ, ки ҷумҳурӣ ба кадрҳои соҳибихтисос ниёз дошт, баҳои баланд дода, ёдовар шуд, ки ташкили Донишгоҳ барои тарбияи садҳо мутахассисони тоҷик, ки солҳои сиюм иҷборан дар мактабҳои олии ҷумҳуриҳои дигар таълим мегирифтанд, саҳми арзанда гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520