22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 70-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иштирок ва маърӯза кард.
Эмомалӣ Раҳмон устодону донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро бо 70 - умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳ табрик намуда, зикр кард, ки ин ид ҷашни тамоми кишвар мебошад, зеро Тоҷикистон асосан кишвари аграрӣ буда, зиндагиву рӯзгори мардуми он аз бисёр ҷиҳат бо соҳаи кишоварзӣ вобаста аст. Сардори давлат ҳамчунин зикр кард, ки дар тӯли фаъолияти худ Донишгоҳи аграрӣ зиёда аз си ҳазор мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои мухталифро тарбия намудааст, ки ҳоло дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ва кишварҳои дигар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва мақомоти роҳбарикунанда бомуваффақият хизмат карда истодаанд, ки дар байни онҳо 12 нафар қаҳрамонони меҳнат ва садҳо нафар ходимони намоёни илмиву ҷамъиятӣ вуҷуд доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар хотимаи суханаш изҳори умед намуд, ки Донишгоҳ минбаъд низ барои тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, ки барои рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда хоҳанд гузошт, заминаҳои мусоид фароҳам меорад.