Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо хабарнигори ҳафтавори "Век" Н.Плотников

20.12.2001 15:00, шаҳри Душанбе

20 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори ҳафтавори "Век" Н.Плотников дар мавзӯи "Терроризм ватан надорад" мулоқот кард.

"Муҳаққиқон ҷараёни воқеаҳоро дар Осиёи Марказӣ зимни ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳамаҷониба мушоҳида ва таҳлил намуда, авҷ гирифтани терроризмро муқаррар карданд. Қувваҳои маълум чунин усулро барои мубориза ба муқобили рақибони сиёсиашон интихоб карда буданд. Ин фалокати азим ба сари мардуми кишвари мо бадбахтиҳои бешумор овард. Тӯли ҳамон солҳо аз дасти террористон даҳҳо олимон, ходимони давлатӣ, зиёиён, яъне онҳое, ки ифтихори миллат буданд, ба ҳалокат расиданд. Ин фоҷиа фаромӯш намешавад, бинобар ин вазифаи инсонии мо ҳамин аст, ки барои такрор нашудани чунин вазъият бояд ҳамаи тадбирҳоро андешем.

Мамлакати мо дар ташкили маркази зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ саҳми калон мегузорад.

Тоҷикистон на танҳо узви комилҳуқуқи СММ, балки аз моҳи феврали соли 1992 узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупо мебошад. Бояд гуфт, ки беъзе ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ аз лиҳози ҷуғрофӣ дар минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ ҷой гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, онҳо ба узвияти Созмони амнияти ҳамкории Аврупо қабул карда шуданд. Ин тасодуфӣ нест, зеро ин ҷо сухан дар бораи мавқеи ҷуғрофии онҳо не, балки дар бораи фазои воҳиди иҷтимоии ин мамлакатҳо меравад, ки дорои арзишҳои умумии сиёсӣ, демократӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Вале вазъият дар он тарафи ҷанубии мамлакати мо ба куллӣ дигар аст. Ба ин маънӣ комилан дуруст аст, ки Тоҷикистон дарвозаи ҷанубии Созмони амнияти ҳамкории Аврупо номида мешавад.

Дар мавриде, ки дар мамлакати ҳамсояи ҷанубии мо чунин вазъияти ногувор ба амал омадааст, халқи Тоҷикистон имрӯз ба худ боварӣ дошта, дар шароити сулҳу суббот зиндагӣ мекунад. Ин аз бисёр ҷиҳат ба дастгирӣ ва кӯмаки ҳамаҷонибаи Россия вобаста аст. Ҳаминро қайд кардан кифоя аст, ки ҳузури ҷузъу томҳои низомии Россия дар Тоҷикистон аз ҷумла дивизияи 201-ум ва гурӯҳи марзбонони он тӯли ин солҳо барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун омили муътадилсозандаи вазъият хизмат мекард ва мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520