Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикии Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

24.04.2017 16:47, шаҳри Душанбе

Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ, ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро аз номи мардуми Монголия ва шахсан аз номи худам ба муносибати 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Монголия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.

Боиси хушнудист, ки дар давраи гузашта бо кӯшиши ҳарду ҷониб муносиботи дуҷониба ва ҳамкории Монголияву Тоҷикистон муваффақона рушд мекунанд. Умедворам, ки муносиботи дӯстона миёни кишварҳоямон дар солҳои минбаъда на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ таҳким ва густариш хоҳанд ёфт.

Муҳтарам ҷаноби Президент, иҷозат фармоед ба Шумо саломатӣ, бурдборӣ ва ба тамоми мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ таманно намоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520