Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар ҳайати васеъ

09.06.2017 14:09, Қазоқистон

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам сарони ҳайатҳо ва иштирокдорони ҷаласа,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Нурсултон Абишевич, барои меҳмоннавозии анъанавии гарм ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ изҳори миннатдорӣ намоям.

Дар соли сипаригардида оид ба таҳкими амнияту суботи минтақа, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва башардӯстӣ тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Соли ҷорӣ барои Созмони мо муҳим аст.

Санадҳое, ки се сол қабл дар ҷаласаи Душанбе қабул гардиданд, барои густариши он роҳ кушоданд.

Имсол мо раванди ба Созмон шомилшавии Ҳиндустон ва Покистонро ҳамчун кишварҳои аъзо ба анҷом расонидем.

Роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон ва Покистон, муҳтарам Нарендра Модӣ ва Навоз Шарифро бо шомилшавии кишварҳояшон ба Созмони ҳамкории Шанхай муборакбод мегӯям.

Итминон дорем, ки Покистон ва Ҳиндустон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони мо ба рушди он саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Имрӯз ҷаҳон ба мавҷи хушунат рӯ ба рӯ шудааст.

Таҳдидҳо ва хатарҳо ба амният гӯшаҳои гуногуни сайёраро фаро гирифта, ҷуғрофияи паҳншавии худро васеъ мекунанд ва бештар хусусияти муташаккилона мегиранд.

Чунин воқеият талошҳои муштараки навро оид ба пешгирии паҳншавии чунин тамоюлҳои харобиовар тақозо мекунад.

Тадбирҳои тайи ду даҳсолаи охир дар ин самт дар сатҳи байналмилалӣ суратгирифта натиҷаҳои дилхоҳ надоданд.

Дар робита ба ин, зарур аст, ки дар доираи СҲШ ба масоили баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ диққати зарурӣ дода шавад.

Имрӯз мушкилоти муҳими байналмилалӣ дар соҳаи амният вазъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик мебошад.

Мусоидати минбаъдаро ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли сиёсии ин буҳронҳо дар асоси меъёрҳои байналмилалии эътирофгардида муҳим мешуморем.

Расонидани ёрии ҳамаҷонибаро ба талошҳои Ҳукумати Афғонистон дар роҳи истиқрори сулҳ ва субот дар кишвар, инчунин ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии он ва ҷустуҷӯи роҳҳои оштии миллӣ муҳим меҳисобем.

Дар ин росто мо СҲШ-ро ҳамчун майдони боэътимоди ҳамгироӣ мешуморем.

Пешгирӣ намудани муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир қисми ҷудоинопазири муборизаи муштараки мо бар зидди терроризм ва ҷинояткории муташаккилона мебошад.

Дар ин масъала ҳамкорӣ бо шарикон дар СҲШ барои Тоҷикистон аҳамияти афзалиятнок дорад.

Мехостам бори дигар аҳамияти дар доираи СҲШ таъсис додани механизми таъсирбахшро оид ба ҳамоҳангсозии муборизаи муштараки мо бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир зикр намоям.

Дар ин ҷода Тоҷикистон таҷрибаи бузург андӯхтааст, мо бо СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондем.

Пешниҳод менамоем, ки ташаббуси қаблан ироагардидаи Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ ҷонибдорӣ шавад.

Муҳтарам иштирокдорони ҷаласа,

Соҳаи иқтисодиёт самти бунёдии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ боқӣ мемонад.

Густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории дорои аҳамияти минтақавӣ, ба мушоиати самараноки молиявии бештар ниёз дорад.

Умедворем, ки коршиносони кишварҳои аъзо метавонанд мавқеи мувофиқашударо доир ба таъсиси Фонди рушд (Суратҳисоби махсус) ва Бонки рушди СҲШ таҳия намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кишварҳои аъзои СҲШ-ро дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия баланд арзёбӣ мекунад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур барои кишварҳое, ки роҳи баромад ба баҳр надоранд, махсусан муҳим мебошад. 

Татбиқи Созишнома оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли автомобилии байналмилалӣ, ки дар Душанбе ба имзо расида буд, бағоят муҳим мебошад.

Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои хусусияти инфрасохторӣ яке аз омилҳои калидии суръатбахшии рушди иқтисодиёт, аз ҷумла мусоидат ба шуғл ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар ҳудуди СҲШ мебошад.

Мо ҳамкории васеъро дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар соҳаи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ҷонибдорӣ менамоем.

Тоҷикистон, ки аз рӯи талаботи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад, дар рушди «энергия сабз» саҳми калон мегузорад. 

Мо ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти беҳсозии вазъи экологӣ, ҳам дар кишвар ва ҳам дар ҳудуди СҲШ аҳамияти калон медиҳем.

Ташаккули «иқтисодиёти сабз» ва ҳамгироӣ вобаста ба масоили тағйирёбии иқлим-яке аз самтҳои муҳими сиёсати экологии кишвари мост.

Дар ин рӯзҳо дар Остона Намоишгоҳи ҷаҳонии «ЭКСПО-2017», ки дар мавзӯи умумии «Неру барои оянда» мегузарад, ба кори худ оғоз мебахшад.

«Остона-ЭКСПО» нигаронии умумии моро дар мушкилоти истифодаи неруи барқ инъикос мекунад.

Дӯстони қазоқистониро бо ин рӯйдоди бузург табрик мекунам.

Тоҷикистон ҷонибдори рушди минбаъда дар доираи Созмони робитаҳои гуманитарӣ мебошад.

Чунин меҳисобем, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, илм, техника, инноватсия, варзиш ва сайёҳӣ ангезаи муҳими раванди таҳкими муносибот миёни кишварҳои аъзои СҲШ мебошад.

Ҳамтоёни муҳтарам,

Ҷумҳурии Қазоқистон тайи як сол дар самти таҳкими рӯҳияи созандаи СҲШ корҳои бузурге анҷом дод ва фаъолияти он дар давраи раёсат сазовори баҳои баланд аст.

Ҳамзамон, мехоҳам дӯстони чиниамонро бо оғози раисӣ дар СҲШ табрик намуда, ба онҳо муваффақиятҳои беназир таманно намоям.

Дар хотима бори дигар мехоҳам омодагии Тоҷикистонро ба ҳамкории минбаъдаи муштаракан судманд дар самти расидан ба ҳадафҳои умумӣ дар доираи СҲШ изҳор дорам.

Мутмаинам, ки қарорҳои имрӯз қабулнамудаи мо ба таври назаррас дар тақвияти ин раванд мусоидат хоҳанд кард.

Ба диққататон ташаккур.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520