Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими гусели расмӣ дар Ҷумҳурии Арманистон

15.06.2017 17:21, Арманистон

15 июни соли 2017 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо натиҷаҳои бобарор ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Арманистон ба анҷом расид.

Расми гусели Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун маросими истиқболи расмӣ дар назди “Қасри Президент” ба таври бошукуҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Арманистон баргузор шуд.

Барои гусели меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Арманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Маросими бошукӯҳи гусел бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ба поён расид.

Ёдовар мешавем, ки сафари навбатии расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон бо қабули бастаи нави санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба анҷом расид. Бо қабули санадҳои нав маҷмуъи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Арманистон ба беш аз 40 адад расида, ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, телекоммуникатсия ва алоқаи почта, илму маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ғайраро дар бар мегирад.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян бо эҳтироми хос ва самимӣ гусел намуд.

Рӯзи 15 июн баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ дар Арманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ереван ба Ватан баргаштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520