Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

24.06.2017 17:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари талафоти зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар музофоти Сичуани Чинро бо андуҳи амиқ дарёфтам.

Дар ин соатҳои душвор мо дарди мардуми дӯсти Чинро қисмат мекунем.  

Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони бар асари ин ҳодиса ҳалокшудагон расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520