Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҳамоиши 11-и Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ

23.12.2010 17:00, Туркия

Мўҳтарам ҷаноби раис,
Мўҳтарам роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Дўстони азиз,

Пеш аз ҳама, мехостам ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Ҷаноби Олӣ Абдулло Гул барои ибтикорашон ҷиҳати даъвати Саммити имрўза ва пазироии гарм изҳори сипоси самимӣ намоям.

Ҳамчунин аз Котиботи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таҳти роҳбарии Дабири Кулл ҷаноби Яҳё Маъруфӣ, ки барои омода намудани ҷаласаи мазкур кори бузургеро анҷом додааст, сипосгузорам.

Имрўз дар назди мо вазифаи муҳим - баррасӣ ва қабули Эъломияи Истамбул ва қарорҳои муҳим оид ба таъмини фаъолияти самарабахши Созмони мо, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ, баланд бардоштани он то сатҳи сифатан нав истодааст.

Умедворам, ки баррасии имрўзаи масоил аз бисёр ҷиҳат мусоидат ба он хоҳад кард, ки мо ба ҳалли масъалаҳои ҳалталаби амалӣ шурўъ намоем, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳоямон, истифодаи пурраи имконоти Созмон ба хотири рушди устувор ва шукуфоии иқтисодии тамоми минтақаи фаъолияти он ноил гардем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои бунёди шабакаи мукаммали нақлиётиву транзитӣ, соддагардонии расмиёти савдо, густариши тиҷорати наздисарҳадӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ ва маводи карбогидридӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ ва интиқоли озоди молу нерўи кориро дар чаҳорчўбаи Созмон аз самтҳои муҳимтарини ҳамкорӣ медонад.

Ҳамкории тиҷоратии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки алҳол соҳаи афзал аст, дар пешрафти раванди ҳамгироӣ ба хотири бунёди иқтисоди солими минтақавӣ имрўз нақши калидӣ дорад. қобили зикр аст, ки бозори кишварҳои аъзои Созмон барои Тоҷикистон ҳар чӣ бештар дастрас ва фоидаовар мегардад.

ҳоло кишварҳои аъзои Созмон дар тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф ҳастанд. Зикри он кофист, ки ҳиссаи кишварҳои шомили минтақаи Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 39 фисадро ташкил медиҳад.

Мо дар бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз роҳҳои беҳтарини татбиқи амалии барномаҳои самарадеҳи иқтисодиро мебинем. Ин гуна минтақаҳо бояд омили муҳими рушд бошанд, ба тавсеаи фаъолияти иқтисодӣ мусоидат намоянд, ба таҳкими тиҷорати минтақавӣ ва транзити молҳо кўмак расонанд. Бисёр кишварҳои аъзои Созмон дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати ташкили минтақаҳои озоди тиҷоратии худ ба кишварҳои узви Созмон дар қаламраваш қитъаҳои замин ҷудо намуд, ки мо барои ин иқдомаш миннатдорем.

Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз кишварҳои Созмон даъват ба амал меорад, ки дар ин қабил лоиҳаҳо фаъолона ширкат варзанд. Имрўз дар ҳудуди Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил шудаанд, ки дар онҳо барои фаъолияти шарикони эҳтимолии хориҷӣ шароити мусоиди ҳуқуқӣ ва сармоягузорӣ муҳайё гаштааст.

Дар айни замон таъкид бояд кард, ки бо як қатор сабабҳо ҷараёни иҷрои баъзе лоиҳаву барномаҳои Созмон, ки дар санадҳои барномавиаш тасдиқ гардидаанд, натиҷаҳои мусбат ба бор наовардаанд. қабл аз ҳама, ин ба лоиҳаҳои соҳаи тиҷорат, нақлиёт ва энергетика дахл дорад.

Ба назари мо, татбиқи амалии комили Созишномаи Тиҷоратии Созмон ба хотири рушду тавсеаи ҳамкории кишварҳои аъзо дар ин арса бояд аҳамияти афзалиятнок касб намояд. Зиёда аз ин, иҷрои Созишномаи Тиҷоратии Созмон бояд як қадаме гардад дар самти бунёди минтақаи тиҷорати озод дар қаламрави Созмон то соли 2015-ум, ки ин ҳадаф дар дурнамои он барои панҷ соли минбаъда инъикос ёфтааст.

Омили муҳими кам кардани таъсири манфии бўҳронҳо ва таъмини пешрафти иқтисоди кишварҳои минтақае, ки ба он Тоҷикистон шомил аст, рушди долону коммуникатсияҳои нақлиётӣ мебошад.

Аз ин рў, баррасии масъалаҳои сохтмони роҳҳое, ки кишварҳои ин минтақаро пайваст намуда, иртиботи кишварҳои Осиёи Марказиро бо бандарҳои халиҷи Форс ва уқёнуси ҳинд имконпазир менамоянд, ҷавобгўи манфиатҳои муштараки мо мебошад. Ва инҷо сухан на фақат аз бунёди коммуникатсияҳои муосир, балки дар бораи таъмини интиқоли озоди мол, нерўи корӣ ва сармоя низ меравад.

Дар ин робита Созишномаи сиғавӣ оид ба интиқоли транзитии борҳоро, ки эътибори амалӣ пайдо кардааст, мо ба ҳайси фишанги амалисозии стратегияи самараноки тавсеаи тиҷорат аз тариқи густариши ҳамкории минтақавии транзитӣ-нақлиётӣ арзёбӣ менамоем. Он бояд интиқоли молу хизматрасониро дар минтақаи Созмон хеле осон гардонад.

Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ маҳсуб меёбад. Ба ин матлаб мо тавассути сохтмони нақбҳо, пулҳо, роҳҳои замонавии мошингарду оҳан, инфрасохтори нақлиёту коммуникатсияҳои рўизаминӣ ноил гаштанием.

Тадбирҳое, ки дар кишвари мо дар солҳои охир мутобиқи Барномаи Алмаато, аз ҷумла аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои гуногуни нақлиётӣ андешида шудаанд, дар мавриди ҳалли масъалаҳои такмили сиёсати давлатии нақлиётӣ, густариши боркашонии транзитӣ, бунёду такмили инфрасохтори нақлиётии дорои аҳамияти минтақавӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа мутамарказ буданд.

Солҳои охир дар бахши сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилӣ дар кишвари мо 14 лоиҳаи сармоявӣ ба маблағи умумии наздики як миллиард доллари амрикоӣ мавриди татбиқи амалӣ қарор доранд. Алҳол анҷоми силсилаи лоиҳаҳо то соли 2012 дар нақша аст, ки дар натиҷаи ин 1650 км роҳҳо, 15 км туннелҳо ва зиёда аз 100 пули пайвасткунандаи Тоҷикистон, Чин, Афғонистон, қирғизистон ва Ўзбекистон сохта ва таҷдид карда мешаванд.

Тоҷикистон ғояи ҳаракати Корвони автомобилҳои Созмон «Роҳи абрешим-2010»-ро, ки дар моҳҳои сентябр-ноябри соли равон аз ҳудуди ҳафт кишвари аъзо убур карда, имкони хуби омўзиши вазъи ҳаракати транзитии нақлиёти автомобилиро дар минтақа муҳайё сохт, пуштибонӣ менамояд.

Мо иштироки худро дар давраи дуюми Корвони автомобилӣ, ки дар ибтидои соли 2011 ба нақша гирифта шудааст, таъкид менамоем.

Ибтикороти Созмон дар татбиқи амалии лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии нерў (энергия) байни Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва дар мавриди дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории онҳо ҷавобгўи манфиатҳои мост. Амалияи густариши тиҷорати нафту гази моеъ бо нархҳои имтиёзнок бо кишварҳои аъзои Созмон, ки захираҳои миллии нафт ва гази табиии онҳо маҳдуданд, низ иқдоми хубе мебуд.

Тавре маълум аст, минтақаи Созмон дорои захираҳои азими маводи карбогидридӣ ва обу энергетикӣ мебошад, ки ин омил ҷойи онро дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба таври назаррас муайян мекунад. Истифодаи фарогир ва самарабахши имконоти мавҷуда нақши кишварҳои минтақаро дар муайянсозии конъюнктураи бозори ҷаҳонии захираҳои энергетикӣ ва кам кардани таъсири манфии тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ ва иқтисоди глобалӣ пурзўр менамояд.

Зимнан мо чунин андеша дорем, ки Эъломияи Душанбе ва нақшаи нави амалиёт оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва нафт барои солҳои 2011-2015, ки дар ҷаласаи вазирони энергетика ва нафти кишварҳои Созмон дар моҳи октябри соли 2010 дар пойтахти Тоҷикистон қабул шуданд, дар рушду таҳкими ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои пайвасти мутақобилаи шабакаҳои энергетикӣ механизми арзишманд хоҳанд гашт.

Интиқоли нафт, газ, нерўи барқ, тиҷорати онҳо ва дигар навъҳои нерў (энергия) дар ҳудуди минтақаи Созмон ва берун аз он, рушди захираҳои башарӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, сиёсати энергетикӣ ва банақшагирӣ, ҳамоҳангсозии дақиқ ва ҳамкорӣ ба сифати бахшҳои авлавиятдори Нақшаи амалиёти номбурда муайян шудаанд.

Ба ақидаи мо, масъалаҳои истифодаи самарабахши захираҳои энергетикӣ ва оби минтақа имрўз бояд дар иртибот ба мавзўи мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим баррасӣ шаванд. Дар ин самт бо роҳи ташкили идораи устувори захираҳои обӣ, ҳалли масъалаҳои об дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ дар асоси истифодаи дурусти мусоидати байналмилалӣ ва имконоти дохилӣ ба натиҷаҳои амалӣ муваффақ шудан мумкин аст.

Пайомадҳои экологӣ ва иҷтимоии тағйири иқлим боиси нигаронии умум гаштаанд. Яке аз зуҳуроти умдаи ин равандҳои номатлуб, бидуни шак, босуръат об шудани пиряхҳо мебошад. Тибқи пешгўии коршиносон, гармшавии глобалии иқлим ба нобуд гаштани қисми зиёди пиряхҳо боис мешавад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд, ки наздики 60 фисади захираҳои оби дарёҳои минтақаи моро ташаккул медиҳанд. Вале дар тўли даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пирях нест шудааст, ки ин тамоил басо хатарнок аст. Мо набояд ба нобудшавии пиряхҳо роҳ диҳем, зеро онҳо дар минтақаи бузург манбаи ҳаёт мебошанд.

Тоҷикистон дар иҷлосияи сеюми Конфронси байналмилалӣ оид ба иқлим таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намуд. Мо умед дорем, ки кишварҳои аъзои Созмон ин пешниҳодро пуштибонӣ хоҳанд намуд, зеро сухан дар бораи некўаҳволии мардумони мо ва ҳамчунин тақдири наслҳои оянда меравад.

Тағйири иқлим аз лиҳози афзоиши хатари офатҳои табиӣ низ қобили таваҷҷўҳи хоса аст, чунки он монеаи ҷиддӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор аст. Тақвияти амалиёти муштарак ба хотири кам кардани хатарҳо ва сабук гардонидани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба назари мо, комилан зарур мебошад. Талоши якҷоя бояд ба таҳкими нерўи пешгирӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз хатари офатҳои табиӣ, беҳтар намудани мониторинг ва арзёбии пайомадҳо бо истифода аз хулосаҳои илмӣ равона карда шавад.

Мўҳтарам иштирокдорони саммит,

Ба эътидол омадани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Афғонистон барои рушди бештари минтақаи Созмон заминаҳои мусоид фароҳам месозад. Дар ин росто кишварҳои аъзои Созмонро мебояд, ки ба масъалаҳои мусоидат ба эҳёи Афғонистон таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоянд.

Боиси қаноатмандист, ки Созмон дар ин самт аз тариқи вусъати кори Бунёди мутолеоти фаннию иқтисодӣ иқдом менамояд.

Мо ҷонибдори иҷрои сареи Нақшаи амалиёти Созмон оид ба эҳёи Афғонистон мебошем. Дар навбати худ, Тоҷикистон дар ҷодаи эҳёи муҷаддади иқтисоди Афғонистон саҳми назаррас мегузорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақоми ҳамоҳангсози Созмонро ҷиҳати назорати маводи нашъадор баланд арзёбӣ менамояд ва зарурати таҳкими ҳамкориро дар соҳаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид месозад.

Тоҷикистон ҷонибдори тадбирҳои баланд бардоштани самараи фаъолияти умумии Созмон мебошад. Ба назари мо, он ба ислоҳоти куллие ниёз дорад, ки бояд ба афзоиши минбаъдаи боздеҳи фаъолияти Созмон, таҳкими нақши ҳамоҳангсози он, мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои имрўза ва таҳдидҳои оянда, таъмини интихоби оқилонаи кадрҳо ва ба вазъи муосир мутобиқ намудани рўзномаи фаъолияти он равона карда шавад.

Нақши муттаҳидсози Созмон тақвият ёфта, сохторҳои таҷдидёфтаи он бояд самарадеҳ ва қобили вокуниши фаврӣ ва айнӣ ба ҳаводиси минтақа гарданд.

Саммити имрўза азму иродаи кишварҳои аъзоро дар мавриди такмили фаъолияти Созмон ва афзун намудани нерўи он намоиш дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Иқтисодӣ фаъолона иштирок намуда, сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаашро дар чаҳорчўбаи он боло бурданист. Мо ҳамеша тарафдори ҳамкории минтақавӣ дар тамоми фазои Созмон ба нафъи шукуфоии мардумони кишварҳои аъзои он будем ва хоҳем монд.

Аз таваҷҷўҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520