Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд

22.07.2017 17:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз  гуфтугуи телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд баргузор гардид.

Сарварони ду кишвари дӯст ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои  ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ҳамчунин  ба  масоили мубрами байналмилалӣ ва  минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ,  мубодилаи афкор анҷом доданд. 

Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза алайҳи терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар намуданд.  

Дар хотимаи суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар замони барояшон муносиб даъват ба амал овард.

Гуфтугуйи телефонӣ дар фазои самимӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520