Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

09.09.2017 21:29, шаҳри Душанбе

Шоми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукуҳи идона ба ифтихори 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат тамоми мардуми шарифи кишвар, сокинони пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси умумимиллӣ - бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси мамлакат бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу карданд.

Сарвари давлат зикр доштанд, ки истиқлолият ва озодӣ оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид ва мо дар зарфи бисту шаш сол бо шарофати заҳмати софдилонаи халқ дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гаштем.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз пешравиҳои ҷумҳурӣ ва тараққиёти бонизоми иқтисодиёт таъкид доштанд, ки халқи тоҷик давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус, илму маориф ва тандурустиву фарҳанг таҳаввулоти сифатиро таъмин намуд.

Дар охири суханронии хеш бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат ва бо умеди гиромидошти муқаддасоти миллӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозирин ва дар шахси онҳо кулли мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷикро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрику таҳният гуфтанд.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид.

Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 26 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури ҳозирин карда шуд, ки хеле ҷолибу диданӣ буд.

Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи рангини консертӣ буд, ки хушу хотирмон сурат гирифт.

Мавриди зикр аст, ки чунин тадбирҳои бошукуҳи идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ - 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар ва берун аз он ба таври хос таҷлил карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520