Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об

21.09.2017 21:01, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Имрӯз дар шаҳри Ню Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ин ҷаласаи сатҳи баланд ҳамчунин Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Президенти Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шахсиятҳои воломақоми давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доштанд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мавҷудияти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар як давраи кутоҳ барои баланд бардоштани дарки моҳияти об барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони ҷиддӣ бахшида, нақшаи амали он минбаъд дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.

Ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад аз имкониятҳои ин Даҳсола васеъ истифода бурда дар паст кардани шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас саҳм гузорад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи мазкур барои боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат карда, дар ин самт барои муттаҳид сохтани талошҳои давлатҳои ҷаҳон кумак менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он доштанд, ки вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои Даҳсола Тоҷикистон Консепсияи татбиқи онро бо маҷмуи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои амалӣ намудани он ҷаҳд менамояд ва ният дорад, ки Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудани он Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад.

Дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Маврикий хонум Амина Ғуриб Факим, Президенти Маҷористон Янош Адер, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина, Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте, Вазири корҳои хориҷаи Иттиҳоди Австралия Ҷулия Бишоп, Вазири банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Урдун Имад Фахури, Вазири тиҷорати хориҷӣ ва туризми Перу Эдуардо Феррейрос Купперс ва Муовини вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табии Мексика Родолфо Ласи Тамаё  суханронӣ намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520