Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

05.10.2017 16:57, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарвари Қазоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик намуд.

Дар ҷараёни суҳбат Нурсултон Назарбоев вобаста ба фаъолияти пурсамари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми ӯро дар рушди кишвар ва афзоиши обрӯи байналмилалии он махсусан таъкид намуд.

Дар навбати худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми Нурсултон Назарбоев вобаста ба рушди муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар дар сатҳи ҳамёрии стратегӣ, ки тамоми соҳаҳои асосии ҳамкориро фаро мегирад, баҳои баланд дод.

Сарони давлатҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои дорои хусусияти минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Суҳбат дар фазои дӯстиву самимият доир гашт.   

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520