Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

20.10.2017 16:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

 Дар иртибот ба рӯйдоди шоистаи таърихӣ – биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.

Ӯзбекистони дӯст, аз аввалинҳо шуда, робитаҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон дар давраи мураккабу печидаи ташаккул ёфтани кишвари мо ба ҳайси давлати соҳибихтиёр ба роҳ монд.

Мо муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории миёни кишварҳо ва мардумонамонро арзишманд медонем.

Бо изҳори қаноатмандӣ раванди мусбати мутобиқ ба тақозои замон рушд ёфтани ҳамкориҳои ду кишварро тайи вақтҳои ахир таъкид карданиам. Қобили таҳсин аст, ки ин соли ҷашнӣ бо сурат пазируфтани як силсила чорабиниҳои дуҷонибаи муҳим дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз ҷумла намоишгоҳҳои тиҷоративу саноатӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ, ки ба тавсеаи миқёси робитаҳои мутақобилаи мо такон бахшиданд, таҷлил мегардад.

Итминон дорам, ки Шумо дар оянда низ аз тамоми иқдомот ҷиҳати бо намунаҳои нави созанда афзун ва ғанӣ гардонидани муносибатҳои гуногунҷанбаи мо, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, ҷонибдорӣ хоҳед кард. Мо аз ҷониби худ барои мунтазам тақвият бахшидан ба ҳамдастию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ду халқи ба ҳам бародар мебошанд, тамоми кушишҳои заруриро ба харҷ хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсате, ки ин рӯйдоди нек фароҳам овардааст, ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти пурсамаратон дастовардҳои навин ва ба мардуми бародари Ӯзбекистон рифоҳ, сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми сермиллати Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо санаи муҳим – 25-солагии рӯзи барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон самимона табрик менамоям.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки дар тӯли давраи таърихии кӯтоҳ ба мо муяссар гардид, ки дар рушди ҳамаҷонибаи ҳамкории дуҷониба ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Муносибатҳои наздик ва созанда, ки бар асоси принсипҳои қавии анъанаҳои неки ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, ба роҳ монда шуданд.

Бо самимияти хос вохӯриҳо ва суҳбатҳои пурмӯҳтавои чанде пешамонро, ки натиҷаи онҳо ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамгироии амалии Ӯзбекистону Тоҷикистон такони ҷиддӣ доданд, ёд мекунам.

Имрӯз ҳаҷми табодули мол ба тадриҷ меафзояд ва миқёси ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт густариш меёбад. Намоишгоҳҳо ва форумҳои тиҷоратии муштарак, ки ба барқарорсозии робитаҳои дарозмуддати шарикии корхонаҳои пешсаф ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар мусоидат карданд, муваффақона гузаронида шуданд.

Бо талошҳои муштарак хатсайрҳои ҳавоии мустақим, ки пойтахти ҳарду давлатро мепайванданд, барқарор карда шуданд. Бо қаноатмандии амиқ мехоҳам табодули фаъолонаи фарҳангӣ ва гуманитариро зикр намоям. Мардумонамон Рӯзҳои фарҳангии баргузоргардидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шавқи бузург пазируфтанд. Ҳамкории рушдёбандаи судманд ва дастгирии мутақобилаи минтақаҳои наздисарҳадии ду давлат ба ҳамгироӣ заминаи мусбат медиҳанд.

Махсус таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба тақвияти бештар бахшидани шарикии амалии дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо ҳавасманд буда, омодаем ба муносибатҳоямон хусусияти комилан нав диҳем ва онҳоро бо мазмуни амалан мушаххас комил гардонем.

Мутмаинам, ки ҳамкории Ӯзбекистону Тоҷикистон минбаъд низ дар рӯҳияи Созишнома оид ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати мардумонамон густаришу таҳким меёбад ва ба хотири таъмини субот, амният ва рушди устувор дар минтақа хизмат мекунад.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии қавӣ, нерумандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон ҳама гуна комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам»!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520