Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Иҷлосияи 65 – уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Дабири кулли ин созмон Пан Ги Мун мулоқот намуд.
«Мо ба рушди ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид манфиатдорем ва хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд”.
Пан Ги Мун ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ташриф ба Ню-Йорк ва иштироки бевосита дар Иҷлосияи 65 – уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос карда, аз таассуроти амиқи худ аз сафараш ба Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Эмомалӣ Раҳмонро бо сатҳи баланд ва натиҷаҳои дилхоҳи Конфронси ҷаҳонии об, ки тобистони соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд, табрику таҳният гуфт.
Пан Ги Мун ҳамчунин аз татбиқи босамари 10 – солаи “Амалиёти байналмилалии об барои ҳаёт”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда буд, изҳори хушнудӣ намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон эҷод шудани монеаҳоро дар роҳи ҳаракати қатораҳои боркаши Тоҷикистон нишонаи возеҳи ҳамкории носолими минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки “Созмони Милал дар рафъи мушкилоти мавҷудаи минтақаи мо нақши фаъолтар мебозад”.
Сарвари давлати Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки “чунин поймолкунии қоидаву қонунҳои байналмилалии ҳамлу нақли озод тавассути хатҳои байналхалқӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ хоҳад шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон ин монеасозиҳоро ҳамчунин натиҷаи муқобилият ба сохтмони нерўгоҳҳои бузург дар Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хотиррасон кард, ки “алҳол мо бо Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи экспертизаи ин лоиҳаҳо ҳамкории мушаххас дорем ва бунёди ин гуна иншоот бо назардошти ҳамаи талаботи техникӣ, иҷтимоӣ ва экологии дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофшуда сурат мегирад”.
Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳоди қаблии худро оид ба “зарурати ташхиси байналмилалии ҳамаи обанборҳои мавҷуда дар Осиёи Марказӣ ва умуман вазъи экологии минтақа” бори дигар ба миён гузошта, аз он, ки ин пешниҳод ҳанўз мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст, изҳори нигаронӣ намуд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки дипломатияи пешгирикунанда ва дигар тадбирҳои судбахши Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ва ҳам Қирғизистон бояд бештар амалӣ шаванд, зеро оромию субот дар минтақа ба авзои ин кишварҳо зич вобаста аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа, пеш аз ҳама Афғонистон ишора намуда, таъкид дошт, ки ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавии стратегӣ дар бахшҳои коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нави оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқ бояд афзалияти бештар дода шавад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои дастгириҳояш аз фаъолияти Маркази минтақавии ин созмон дар Осиёи Марказӣ оид ба дипломатияи пешгирикунанда арзи сипос намуд.