Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Сербия Борис Тадич

22.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин бо Президенти Сербия Борис Тадич мулоқот намуд.

Дар вохўрии Эмомалӣ Раҳмон бо Борис Тадич масоили ташкил ва густариши ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Сербия баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Сербия фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди алюминий, маъданҳои кўҳӣ, меваю сабзавот, пахта, пашму пўст ва дигар маҳсулот дорои манфиати мутақобила арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили сиёсати ҷаҳонию минтақавӣ гуфтугў сурат гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Сербия Борис Тадичро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520