Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Хорватия Иво Йосипович

20.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи Иҷлосияи 65 – уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Хорватия Иво Йосипович мулоқот намуд.

«Мо барои таҳкиму тақвияти равобити дўстонаву ҳамкории мутақобилан судманд бо Хорватия манфиатдорем», - изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Хорватия Иво Йосипович низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дўстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард.

Ҳарду ҷониб таъкид доштанд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Хорватия дорои нерўи бузурги истифоданашуда мебошанд.

Ҳавасмандии зиёд ба тавсиаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва ҷалби соҳибкорони хусусии ду кишвар ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои судовар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки бо назардошти афзоиши пайвастаи талабот ба нерўи барқ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ, иштирок дар сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ ва ташкили додани шароити содироти нерўи барқ басо фоидаовар аст.
Барои такмили заминаи ҳуқуқӣ-қарордодии ҳамкории дуҷониба ба имзо расондани як зумра санадҳои нав, ки аллакай таҳия ва пешниҳод гаштаанд, зарур шумурда шуд.

Ҳарду ҷониб ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва дигар самтҳои фаъолият изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Хорватия Иво Йосиповичро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520