ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии
амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани
Абдураҳимов Х.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Абдураҳимов Хайридин Саидович бо хоҳиши худаш аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 сентябри соли 2010
№919