10 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони худ Қоимдодов Қозидавлатро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.
10 январ инчунин як қатор фармонҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуда, тибқи онҳо Иноятова М.А. -Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-сардори идораи сиёсати иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Исмоилов Шавкат Маҳмудович -Вазири адлия, Муҳиддинов Нуриддин Насриддинович -Вазири алоқа, Кабиров Шодӣ Фатҳуллоевич -Вазири кишоварзӣ, Назаров Талбак -Вазири корҳои хориҷӣ, Мусоева Рафиқа Ғаниевна -Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Наҷмиддинов Сафаралӣ Маҳсудинович -Вазири молия, Муҳиддинов Фаридун -Вазири нақлиёт ва хоҷагии роҳ, Аҳмадов Аламхон -Вазири тандурустӣ, Маҳмадов Бобохон -Вазири фарҳанг, Рустамова Қимат -Вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шокиров Усмонқул -Вазири ҳифзи табиат, Давлатов Матлубхон Султонович -Раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ, Солиев Ҳаким Ҳусейнович -Раиси Кумитаи давлатии қарордод ва савдо, Саидов Зайд Шерович -Раиси Кумитаи давлатии саноат, Каримова Раъно Бобоевна -иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон, Шомаҳмадов Файзиддин Имомиддинович -иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кумсангири вилояти Хатлон таъин гардида, бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон Холиқназаров Худобердӣ аз вазифаи -Вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Музаффаров Анваршо аз вазифаи -Вазири молия, Ҷабборов Абдусаттор аз вазифаи -Вазири ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ озод карда шуданд.