28 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ин нахустин ҷаласаи Ҳукумати навтаъсис дар ҳайати пуррааш буд. Дар ҷаласа баробари масъалаҳои дигари муҳимми тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат ва сиёсати дохиливу хориҷии он нақшаи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба таҳияи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ва номгӯи масъалаҳои асосие, ки ҷиҳати баррасӣ дар нимсолаи якуми соли 2000-ум дар ҷаласаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия мегарданд, муҳокима гардид. Дар маҷлис оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҶТ барои солҳои 2001-2005 қарор қабул шуд.