Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти интихобшудаи Арманистон Армен Саркисян

06.03.2018 18:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Арманистон Армен Саркисян барқияи табирикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Армен Варданович,

Ба муносибати аз ҷониби Парлумони кишвар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуданатон ба Шумо табрикоти самимии худ ва таманниёти муваффақиятҳоро дар фаъолияти минбаъдаатон ирсол медорам.

Тоҷикистон муносибатҳои наздики шарикиро бо кишвари Шумо қадр мекунад ва барои рушди бемайлони онҳо ҳавасманд аст.

Мутмаинам, ки бунёди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи равобити мутақобилаи миёни ду кишвар гузошташуда минбаъд таҳким ёфта, тамоми соҳаҳои нави ҳамкории мутақобиларо ба манфиати халқҳоямон фаро мегирад.

Ба Шумо, ҷаноби Президент саломатии бардавом, анҷоми неки ҳамаи иқдомҳо ва ба мардуми бародари Арманистон сулҳу бурдборӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520