ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Солҳои 1986 – 1988 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуд.
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии олии техникии ба номи Баумани шаҳри Москваро хатм кардааст.
Cолҳои 1991 – 1999 дар вазифаҳои масъули Кумитаи давлатии иқтисод, Вазорати иқтисод, Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 1999 – 2005 вазифаҳои мутахассис оид ба харид, муовини директор, директори Маркази идораи лоиҳа дар соҳаи маориф иҷро кардааст.
Солҳои 2005 – 2007 дар вазифаҳои масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2007- 2008 Мудири Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари Лоиҳаи таҷдиди системаи идораи давлатӣ.
Солҳои 2008 – 2009 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2009 – 2012 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2012 – 2017 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ.
Солҳои 2017 – 2018 Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бо забонҳои англисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.
Бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2018 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.