Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими имзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб

22.03.2018 20:04, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Дар маросими имзои ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Мигел де Серпа Суарес ҳамроҳӣ намуд.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан, ҳукми қонунӣ гирифт. 

Ба ҳолати моҳи ноябри соли 2017 - 175 давлати олам ва Иттиҳоди Аврупо иштирокчии конвенсия мебошанд. Баъди ҳуқми қонунӣ гирифтани Конвенсия Кумита оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб бо 18 аъзо ташкил карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо шарофати сиёсати дарҳои боз ва талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз ҷумла СММ гардидааст.

Бо ин Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ҳамчун узви фаъол саҳми муносиб ва пешоҳанг дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520