Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар зиёфати хоссаи “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”

23.03.2018 04:23, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам ҷаноби Муовини Раиси Маҷмаи Умумӣ,
Муҳтарам ҷаноби Муовини Дабири Кулл,
Хонумон ва ҷанобон,

Имрӯз мо ҳамроҳ муколамаи нахустини худро, ки ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд, комгорона анҷом  додем.

Муҳокима ва табодули васеи афкор миёни ширкаткунандагон нишон медиҳад, ки мо бояд саъйю талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об, ҷоннок намоем.  

Зимнан, зарурати ба инобат гирифтани паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки беш аз пеш рух медиҳанд, ба миён омадааст.

Мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносони мо аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Мутобиқи ин мушоҳидаҳо, дар 60 соли ахир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст; шумораи рӯзҳо бо боришоти шадид афзудааст, пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои гидрометереологии табиӣ зиёд шудааст.   

Ҳамчунин дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир шумораи офатҳои табиии шадид беҳад афзоиш ёфтааст.

Офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.

 Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.

Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар  монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ШМА зиёд гардид.

Ҳолати ногувор хусусан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар, ки 93 фоизи ҳудуди умумии Тоҷикистонро ташкил дода, онҷо 80 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ба мушоҳида мерасад.

Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад.

Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли ахир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст.

Тағйирёбии давраи гидрологӣ ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, сабабгори  хатари иловагии обхезӣ ва хушксолии шадид мегардад.

Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои обӣ дар ҳудуди бархе аз кишварҳо ташаккул ёфта, истифодабарии қисми зиёди он ба дигар кишварҳо рост меояд, муддатест зарурати таҳияи стратегияи ягонаи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба миён омадааст.

Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳиммияти чунин стратегияро таъкид менамояд.

Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳимми рушди устувор ба ҳисоб мераванд,  таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар хотима мехостам ба тамоми ширкаткунандагони зиёфати имрӯза изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамаи шумо дастовардҳои тоза орзӯ намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520