Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон

06.08.2010 19:00, Эрон

Рўзҳои 5 – ум ва 6 – уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон, ки бори 4 - ум баргузор гардид, дар шаҳри Теҳрон дар фазои созандаю рўҳафзо ҷараён гирифт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории сеҷониба дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, саноат, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба дарёфти роҳу василаҳои татбиқи лоиҳаҳои стратегии муштарак оид ба сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ ва кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ миёни Тоҷикистону Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳои минтақавӣ дорои аҳамияти бузург барои пешрафту тараққиёти ҳарсе кишвари дўсту ҳамфарҳанг буда, ба барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва оромию субот дар ин кишвари азияткашида мусоидати фаъол мекунад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки барои густариши самтҳои афзали ҳамкории сеҷониба Шўрои ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Пешниҳод аз ҷониби сарони давлатҳои Эрону Афғонистон хуш пазируфта шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки «комиссияи муштарак бояд рафти иҷрои қарорҳои сеҷонибаи қабулшударо таҳти назорати доимӣ қарор бидиҳад то онҳо дар рўйи қоғаз намонанд».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «барои густариши фазои ҷуғрофии робитаҳои ҳамлу нақл эҷоди механизми панҷҷонибаи Эрон – Афғонистон - Тоҷикистон - Қирғизистон - Чин ва ҷалби дигар кишварҳои манфиатдор матлуб аст».

Роҳбарони ҳарсе давлат ҳавасмандии худро ба чораҷўӣ баҳри барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва боло бурдани нақши транзитии он дар минтақа таъкид намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «агар амнияту субот дар Афғонистон таъмин нашавад ҳамаи тарҳҳои сеҷониба хаёли хоме беш нахоҳад буд ва дар рўйи қоғаз хоҳанд монд».

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба як қатор масоили дигари минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

Мулоқоти сеҷониба нахуст бо иштироки ҳайатҳои расмӣ, сипас дар ҳайати хосаи сарони се давлат ҷараён гирифт.

Дар охир аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии се кишвар Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Комиссияи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расид.

Аз ҷониби сарони се давлат Баёнияи муштарак ба имзо расид, ки дар он натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи сатҳи олӣ ва дурнамои ҳамкории се давлати дўсту бародар ба таври муфассал инъикос ёфтаанд.

Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон бо нишасти матбуотӣ анҷом ёфт. Зимни он ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дорои дурнамои фароху умедбахш арзёбӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «сулҳ, субот ва ҳамкории васеи минтақавӣ» - ро аз ҷумлаи «манофеи асосии муштараки се давлати дўсту бародар дар сатҳи минтақа» маънидод кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқотҳои дуҷониба низ доир намуд.

Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод масоили вобаста ба таҳким ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дўст баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба тезондани суръати татбиқи лоиҳаҳои муштараки ду кишвар дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама бунёди нерўгоҳи обии Сангтўда-2 ва шурўи кор дар арсаҳои нави ҳамкорӣ зоҳир карда шуд.

Афзоиши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузории мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, иштирок дар сохтмони роҳу пулҳо, нерўгоҳҳои барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, рушди инфрасохтори туристӣ аз самтҳои афзали ҳамкории иқтисодии ду кишвар арзёбӣ гардид.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон, роҳҳои ба эътидол овардани он ва барқарорсозии ҳаёти осоишта сурат гирифт.

Зимни сўҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Аҳамияти ҳаётии ҳамкории амниятию сарҳадии ду кишвар таъкид гардид.

Аз ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва болоравии гардиши мол миёни ду кишвар, ки тайи 6 соли ахир ҳудуди 20 маротиба афзудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷўҳи зиёд ба рафти корҳо ва дурнамои татбиқи нақшаҳои муштараки инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони пулҳо, роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва боло бурдани қудрати транзитии ду кишвар миёни Аврупо ва Осиёи Марказию ҷанубӣ зоҳир карда шуд.

Ҳомид Карзай ба ҷониби Тоҷикистон барои кўмакҳои зиёд, хусусан дар самти омўзиш ва бозомўзии кадрҳои низомӣ, тиббӣ ва дигар арсаҳои Афғонистон арзи сипос намуд. Зикр гардид, ки дар нимаи аввали соли равон 300 нафар муҳассилини Афғонистон дар курсҳои омўзишии тиббии Тоҷикистон мавриди таълим қарор гирифтанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон метавонад танҳо ба Коллеҷи тиббии худ ҳар сол то 100 нафар шаҳрвандони Афғонистонро барои таҳсил қабул намояд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба бисёр масоили дигари мавриди таваҷҷўҳи тарафҳо гуфтугў сурат гирифт.

Шоми рўзи 5 – уми август мулоқоти сарони Тоҷикистону Эрону Афғонистон бо Роҳбари муаззами ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманеӣ баргузор гашт, ки зимни он ҳамкории сеҷонибаи се кишвари дорои умумиятҳои зиёди фарҳангӣ дорои ояндаи судманд барои тамоми минтақа маънидод гардид.
Масоили ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Теҳрон ҳамчунин зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии се кишвар баррасӣ шуд.

Оид ба паҳлўҳои гуногуни ҳамкории энергетикии Тоҷикистону Эрон Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳандис Номҷўй гуфтугўйи судманд анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи якуми рўзи 6 – уми август баъди анҷоми сафари пурмаҳсул ба Ҷумҳурии Исломии Эрон аз шаҳри Теҳрон ба Ватан омад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520