Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20.08.2018 20:08, шаҳри Душанбе

20 август дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент, татбиқу дар амал ҷорӣ кардани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои ободонию созандагӣ, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сафари давлатии худро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо натиҷаҳои неку назаррас ва бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягӣ анҷом ёфт, натиҷагирӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ин сафар бо натиҷаҳои пурсамар дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Яке аз натиҷаҳои пурарзиш ба сатҳи шарикии стратегӣ баромадани Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.

Сафарҳои давлатии ҷавобии сарони давлатҳо, имзои санадҳо, баргузории бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаҳои фарҳангии шоми дӯсти дар ҳар ду давлат, кушодани 16 гузаргоҳи сарҳадии байниҷумҳуриҳо, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои мошингузар, фаъолияти назарраси Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва боз дигар омилҳо имкон фароҳам оварданд, ки халқи тоҷику ӯзбек боз ба ҳам оянд, рафтуомади хешутабориро мустаҳкам намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саноатчиён, тоҷирону соҳибкорон барои муаррифии намунаҳои беҳтарини молу маҳсулот, дастовардҳои саноатии кишвар дар намоишгоҳи “Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст” ва ба таҳиягарон, аҳли ҳунару санъати ҷумҳурӣ барои пешниҳоди барномаи бошукуҳу пурмазмуни консертӣ дар “Шоми дӯстӣ” миннатдории самимии худро иброз доштанд.

Бо дарназардошти муҳимияти натиҷаҳои сафар ва қабули санадҳои муҳими ҳамкорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушду таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ супориш доданд, ки барои татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии имзошуда тадбирҳои амалӣ андешанд.

Супоришҳои дигар вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни умумимилии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520